Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад
ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 144 миллион сомонӣ сохтмони боз 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад. Танҳо давоми 20 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2 миллиард сомонӣ равона гардида, дар натиҷа заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам шуд ва фарогирии хонандагон ба таълим ба таври назаррас беҳтар гардид. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.
Таъкид шуд, ки соли 2024 барои рушди соҳаи маорифи вилоят беш аз 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023 28 фоиз зиёд мебошад.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 43 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар вилоят 26 муассисаи таълимии томактабӣ, 157 маркази инкишофи кӯдак ва 313 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






