Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Чжэнзсян Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дутарафа ба имзо расониданд

Октябрь 27, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 октябр дар шаҳри Ханчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми VII Осиёи Марказӣ оид ба таҳқиқоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва Симпозиуми байналмилалӣ оид ба таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар доираи кишваршиносии минтақавӣ доир гардид, ки дар кори он намояндаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи ин сафар байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Чжэнзсян Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дутарафа ба имзо расид. Ин санад барои табодули донишҷӯён байни ду донишгоҳ, инчунин равона намудани устодони донишгоҳ ба таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзӣ ба Донишгоҳи молия ва иқтисоди Чжэнзсян имконият медиҳад.

Ин иқдом барои боло бурдани сифати таълим, густариши равобити байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ қадами устувор ба ҳисоб меравад.

Солҳои охир иштироки устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ афзудааст. Дар ин замина робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ бештар мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

Октябрь 27, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд