Душанбе мизбони нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» мегардад
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи охири моҳи ноябр дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» баргузор мегардад, ки дар он беш аз 1000 нафар намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Дар ин замина имрӯз дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои давлатии мамлакат ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ матраҳ шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».


Дар ҷаласа сардори Раёсати гузариш ба низоми рақамии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Фируззода доир ба омодагии Тоҷикистон барои гузаронидани ин форуми сатҳи баланди байналмилалӣ гузориш дод. Гуфта шуд, ки нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» бо мақсади баррасии самтҳои муҳими рақамикунонӣ ва инноватсия, аз ҷумла хизматрасонии давлатии рақамӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, технологияҳои молиявӣ, киберамният ва парки технологию иттилоотӣ гузаронида мешавад.
Нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» дар ҳамкорӣ бо ширкати ПЛАС ва гурӯҳи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» мавзеъҳои зебоманзар ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, ба монанди «Қалъаи Ҳисор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро тамошо намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






