Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»

Октябрь 14, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 24 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Хусусан барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин хусус имрӯз, 14 октябр зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар гардида истодааст.

«Дар ҷараёни сафари кории худ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят мо даҳҳо иншооту биноҳои навбунёдро, ки натиҷаи ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати аҳлонаи сокинони вилоят буда, боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти онҳо гардидаанд, ифтитоҳ намудем»,- хотирнишон намуданд Президенти мамлакат.

Дар суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо сафарбар намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид