Флорида бо сабаби наздикшавии тӯфони «Милтон» ба бузургтарин тахлия дар 7 соли охир омода мешавад

Октябрь 8, 2024 14:17

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки тӯфони «Милтон» ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 9 октябр расад. Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш тӯфони «Хелен» ба ин минтақа зарари ҷиддӣ расонид ва беш аз 200 нафар бар асари он ҳалок шуданд.  Дар ин хусус Sky News  хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Иёлоти амрикоии Флорида ба бузургтарин тахлия давоми 7 соли охир омода мешавад.

Пешгӯӣ мешавад, ки дар айни замон тӯфон ба самти шарқ тавассути халиҷи Мексика ҳаракат намуда, ба халиҷи Тампа расида, сипас ба шаҳри Орландои иёлоти Флорида мегузарад.  Обуҳавошиносон изҳор медоранд, ки қисмате аз минтақаҳое, ки бар асари тӯфони «Хелен» зарар дида буданд, эҳтимол дубора дар минтақаи офати табиӣ қарор гиранд, ки ин зарарро дучанд мекунад.

Директори шуъбаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи Флорида Кевин Гатри ҳушдор дод, ки сокинон бояд ба бузургтарин тахлия,  ки дар давраи тӯфони «Ирма» дар соли 2017 дида будем, омода шаванд.

Соли 2017 тақрибан 7 миллион нафар ҳушдор гирифта буданд, ки хонаҳояшонро дар Флорида аз сабаби тӯфони «Ирма»,  ки дар натиҷаи он дар иёлот беш аз 130 нафар фавтид, тарк намоянд.

Шаҳраки Пинеллас дар Флорида эҳтимол ба тахлияи ҳатмии беш аз 500 000 нафар сокинони минтақаҳои дар пастӣ ҷойгиршуда низ амр диҳад.

Ҳушдор барои тӯфон барои сокинони соҳили шимолии нимҷазираи Юкатани Мексика низ пахш шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 8, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад