ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ. Ба афсарону сарбозони ноҳияи Дарвоз барои хизмати намунавӣ туҳфаҳои варзишӣ тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар мулоқот доир ба имконият ва имтиёзҳое, ки давлат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон муҳайё гардонидааст, сухан гуфта шуд.
Таъкид гардид, ки бояд ҷавонони шуҷои Ватан бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ равонаи хизмат ба Ватан бошанд. Зеро Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Ин нишони азму иродаи қавии ҷавонони бонангу ор ва ватандӯст мебошад, ки барои ҳифзи Ватан аз ҳар гӯшаву канори мамлакат дар мактаби ҷасорат гирд омада, бобати нигаҳдории амнияту суботи ин сарзамини биҳиштосо дар чунин шароиту имконияти хуб хизмат менамоянд.
Ҳамзамон ба чанд нафар афсарону сарбозон барои хизмати намунавӣ ва ҷасорати баланди ватандӯстӣ туҳфаҳои варзишӣ эҳдо гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






