ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ. Ба афсарону сарбозони ноҳияи Дарвоз барои хизмати намунавӣ туҳфаҳои варзишӣ тақдим шуданд

Октябрь 12, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 12.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар мулоқот доир ба имконият ва имтиёзҳое, ки давлат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон муҳайё гардонидааст, сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки бояд ҷавонони шуҷои Ватан бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ равонаи хизмат ба Ватан бошанд. Зеро Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Ин нишони  азму иродаи қавии ҷавонони бонангу ор ва ватандӯст мебошад, ки барои ҳифзи Ватан аз ҳар гӯшаву канори мамлакат дар мактаби ҷасорат гирд омада, бобати нигаҳдории амнияту суботи ин сарзамини биҳиштосо дар чунин шароиту имконияти хуб хизмат менамоянд.

Ҳамзамон ба чанд нафар афсарону сарбозон барои хизмати намунавӣ ва ҷасорати баланди ватандӯстӣ туҳфаҳои варзишӣ эҳдо гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 12, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо