ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ БОЯД ПОКТИНАТӢ ВА АДОЛАТРО ТАҶАССУМ НАМОЯД. Бардошт аз конфронси минтақавии коршиносон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчии давлатӣ бояд бо рафтору кирдори худ поктинатӣ ва адолатро таҷассум намояд. Омили муҳими фаъолияти муваффақонаи хизматчии давлатӣ- ин поквиҷдонӣ ва пешгирии истифодаи манфиатҳои шахсӣ дар фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Чунин изҳор намуд директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни баргузории конфронси минтақавии коршиносон.
Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» конфронси минтақавии коршиносон доир гардид, ки дар он коршиносони хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони UNODC иштирок доранд.
Ҳамоиш бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, инчунин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикорупсионии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.
Зимни конфронс байни иштирокчиён- намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин коршиносони байналмилалии самти муқовимат ба коррупсия вобаста ба поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии санҷиши поктинатии хизматчиёни давлатӣ ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои минтақа дар ин самт мубодилаи афкор доир шуд.
Бояд гуфт, ки конфронси минтақавӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC) доир мешавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза метавонанд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва муқовимати беамон бар зидди коррупсия заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Конфронс ду рӯз идома ёфта, зимни он коршиносон ҳадафҳо, вазифаҳо, равишҳои асосии ташкил ва воситаҳои имконпазир барои тафтиши ҳамаҷонибаи поктинатиро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон дар ҳамоиш аз ҷониби коршиносон таҷрибаи давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар истифодаи санҷиши поктинатӣ ва дурнамои татбиқи он дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






