Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе малакаи эҷодиро рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 15 октябр дар Озмоишгоҳи инноватсионии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе аз рӯи барномаи «Лаёқат» машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд. Ҳадаф аз он баланд бардоштани малакаи эҷодии наврасон мебошад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакону наврасон.
Машғулияти омӯзишӣ барои 25 навраси 12-14-солаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе доир шуда, ба рушди малакаҳои ҳаётан муҳими кӯдакону наврасон, аз қабили эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, кори дастҷамъӣ, идоракунии эҳсосот ва ғайра равона гардид.
Ин гуна машғулият, ки ба тариқи бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад, ҷараёни омӯзишро самаранок мегардонад. Инчунин чунин усул ба беҳтар азхуд кардани мавод аз ҷониби иштирокчиён мусоидат менамояд.
Баъди анҷоми машғулият иштирокчиён соҳиби сертификати Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе гардиданд.
АКС: Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






