Хонандагони муассисаи таълимии ноҳияи Шуғнон соҳиби толори муосири варзишӣ мешаванд
ХОРУҒ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон толори муосири варзишӣ бунёд мекунад. Мутобиқи нақша, бинокорон ин толорро то охири ҳамин сол мавриди истифода медиҳанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Ризо Кабирзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «се муассисаи таълимии ҳамин ҷамоат дорои толорҳои варзишӣ ҳастанд, аммо толори наве, ки бунёд мегардад, дар байни муассисаҳои таълимии вилоят камназир мебошад. Дарозии ин толори бошукуҳ 22 метр, паҳноӣ 18 метр ва баландии он 10 метр мебошад. Толор барои тамрин ва баргузории бисёр намудҳои варзиш, ба мисли волейбол, баскетбол, карате, таэквондо ва намудҳои гуногуни гӯштин мувофиқ аст. Дар баробари хонандагон ҷавонон низ дар мувофиқа бо маъмурияти муассисаи таълимӣ метавонанд ба намуди дӯстдоштаи варзишии худ машғул шаванд».
Ба иттилои мудири маорифи ин ноҳия, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 154 хонанда дар синфхонаҳои васеъ ва гарму барҳаво таҳсил мекунанд. Аммо нисбат ба омӯзгорони фанҳои дигар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ бо фаро расидани фасли зимистон, ки баъзан то 6-7 моҳ идома меёбад, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Бояд дарсро ё зери барфу борон ё дар синфхонаҳо бо шашкаву шоҳмотбозӣ сипарӣ кунад. Аз ин рӯ толори варзишӣ барои муассисаҳои таълимии ин манотиқи кӯҳистонии ҷумҳурӣ хеле зарур аст.
Муҳандиси сохтмон Охирназар Имомназаров гуфт, ки «бунёди ин толорро бинокорони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Довуд» бар уҳда доранд. Ҳоло 15 сохтмончии ин ҷамъият корҳои асосии сохтмонро ба анҷом расонда, ба андова кардани деворҳои толори варзишӣ ва утоқҳои дамгирӣ, либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳо барои оббозӣ машғул мебошанд. Бо мақсади он ки дар фасли зимистон низ хонандагон дар ин ҷо бароҳат тамрин кунанд, фарши толор пурра аз чӯбу тахта сохта мешавад».
Як гурӯҳ коргарон атрофи толорро бо панҷара маҳкам намуда, барои шинонидани гулу буттаҳо гулдонҳо месозанд. Бинокорон кӯшиш мекунанд, ки ҳам намои даруни толор ва ҳам беруни он зебову дилрабо ва аз ҳама муҳим, сифати аъло дошта бошад, то муддати тӯлонӣ барои хонандагон хизмат кунад.
АКС:АМИТ «Ховар»








Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид






