Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо фестивалҳои занбӯрпарварон, «Оши палов» ва Иди себу ангур оғоз гардид

Октябрь 20, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  Иди  Меҳргон  оғоз гардид, ки он аз ҷашнҳои солҳои пешин ба куллӣ фарқ дорад.  Чунки имсол ин ҷашни бостонӣ  дар якҷоягӣ бо  Иди себу ангур, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал,  Фестивали «Оши палов» ва  намоиш-фурӯши шолию  биринҷ доир гардида истодааст, ки ба он  шукуҳу шаҳомати хосса  бахшидааст. Дар ин ҷашн меҳмонони хориҷӣ  иштирок дошта, онҳо бо растаю гӯшаҳои дар ин боғ ташкилгардида  шинос гардида, барои хотира аксу навор  бардошта истодаанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин ҷашн хабар медиҳад,  дар ҷашнгоҳ боғдорони  мамлакат самари  меҳнати худро  ба намоиш-фурӯш гузоштаанд. Растаҳои ташкилнамудаи онҳо  аз  себҳои сурху сафед, хурмоҳои тиллоранг, даҳҳо намуди ангур, анор, чормағз, нок, олу, себи биҳӣ ва дигар меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ва хушкмеваҳо пур буда,  сокинону меҳмони пойтахт аз онҳо бо нархҳои дастрас харидорӣ карда истодаанд.

Кишоварзон ҳамчунин сабзавоту полезиҳоро пешниҳоди иштирокдорони ин ҷашни бостонӣ намудаанд. Ин раста аз қаланфур,  помидор,  бодиринг, каду, пиёз, картошка, сабзӣ, карам ва дигар сабзавоту полезиҳо чунон ҳунармандона  оро ёфтааст, ки кас аз тамошои ин неъматҳои табиати Тоҷикистон ва деҳқонони гулдасти он ҳаловат мебарад.

Занбӯрпарварони мамлакат ҳам  дар ин ҷашнгоҳ маҳсулоти  худ-асали  дар кӯҳистони кишвар  истеҳсолшудаи аз ҷиҳати экологӣ тозаро пешниҳоди сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ намудаанд. Ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба ин макон шукуҳи дигар зам намудааст. Намоиш-фурӯши шолию  биринҷ ҳам дар сатҳи баланд ташкил гардидааст.  Санъаткорон бо навозишу  пешниҳоди рақсу таронаҳои тоҷикӣ ин ҷамъомади идонаро боз ҳам рангинтар гардонидаанд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷашни ниёгон- Меҳргони меҳроин тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваю сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонони чашмикордон аст.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯз деҳқонон аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашни Меҳргон мебошанд, ба намоиш гузоштаанд. Аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Дар доираи Иди Меҳргон Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ низ баргузор мегардад, ки иштирокчиёни он тарзи оростани дастархон ва меҳмоннавозии тоҷиконаро муаррифӣ менамоянд.

Тафсилоти бештар нашр мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 20, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид