Ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар доираи конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар доираи конфронси байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 12 давлати ҷаҳон доир гардид, баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конфронси байналмилалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон ва намояндаи Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ Кустуб Шарма доир ба мавзуи мавриди назар ибрози андеша намуданд.
Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ маълумот дод. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид.
Барномаи мазкур дар се марҳила -солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ин ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ минтақаи калидии паҳншавии бабри барфӣ буда, экосистемаҳои кӯҳие, ки дар онҳо ин ҳайвони нодир паҳн гардидааст, ба экосистемаҳои осебпазири сайёра мансуб мебошанд.

Инчунин иштирокдорони конфронси байналмилалӣ оид ба тарзу усулҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва объектҳои шикори он пешниҳодҳои судманд намуданд. Ҳамзамон дар конфронси байналмилалӣ нақшаҳои чорабиниҳои миллӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ баррасӣ ва муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва фаромарзӣ ва табодули таҷрибаву усулҳои беҳтарини ҳифзи экосистемаҳои баландкӯҳ, намудҳои нодири ҳайвонот ва махсусан бабри барфӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






