«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ дар Суғд қадршиносӣ гардиданд

Октябрь 21, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Иброз гардид, ки озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз соли 2021 инҷониб доир мегардад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки озмун ба ҳадафи асосӣ– ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир мерасад.

Озмун завқи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён, пажуҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иттилоъ дода шуд, ки даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» аз рўи 7 номинатсия баргузор гардида, ҳайати ҳакамони озмун ба донишу маҳорат ва истеъдоди иштирокдорони озмун баҳои воқеӣ доданд. Дар ҷамъбаст 126 нафар, аз ҷумла 42 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 хонандаи мактабҳои типи нав, 36 донишҷӯ ва 6 омӯзгору намояндагони касбу кори гуногун ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва қадршиносии ғолибон дар вилояти Суғд 708 ҳазору 250 сомонӣ ҷудо шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 21, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид