Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистонро ба муносибати иди касбӣ шодбош гуфта, аз рушди соҳаи маориф ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд намуда, барои кормандони соҳа ва омӯзгорону хонандагон шароити хубу муосири кору зиндагӣ ва таълиму тарбияро пайваста фароҳам меоварад.
Таъкид карда шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1 июли имсол маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардидааст.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо намудани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошанд.
Иброз шуд, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.
Дар ҳамоиш ба як зумра фаъолон ва пешсафони соҳа мукофоту унвонҳои соҳавӣ тақдим гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмунҳои соҳавӣ, аз қабили «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2024» ва «Мураббии соли Тоҷикистон — 2024» муайян ва ҳавасманд гардонида шуданд.
Аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2024» ва «Мураббии соли Тоҷикистон — 2024» бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғолибони ин озмунҳо бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамзамон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ», ки дар чор давр баргузор гардид, бо мукофот ва маблағи то 10 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон тибқи Низомномаи озмун, омӯзгорони хонандагоне, ки шогирдонашон ғолиб гардиданд, бо маблағи 4000 сомонӣ сарфароз карда шуданд.
Дар идома ғолибони озмуни ҳафтаномаи «Омӯзгор» таҳти унвони «Омӯзгори ман – ифтихори ман», ки барои беҳтарин мақола, очерк, эссе, лавҳа ва ҳикоя эълон гардида буд, дар ҳаҷми то 10000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд






