ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавҷуд аст

Октябрь 14, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо муқаррар шудааст.  Дар Фонди давлатии стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ба монанди истеҳсоли маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ҳифзи муҳити зист, маводи сохтмон, маснуоти техникии тиббӣ ва ғайра мавҷуд аст. Фонди давлатӣ стандартҳои миллӣ, байнидавлатӣ ва байналхалқиро дар бар мегирад.

Дар Тоҷикистон 20 Регламенти техникӣ қабул гардид

Дар ҷомеаи мутараққӣ стандартонӣ яке аз воситаҳои идоракунии хоҷагии халқ ҳисобида мешавад. Стандартонӣ усули илмии мураттабсозии феҳраст ва сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаро дар миқёси давлат ифода намуда, барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсири бевосита мерасонад.

Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифату бехатарии молу маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ 20 Регламенти техникӣ қабул гардид. Иҷрои талаботи он дар истеҳсолоту савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳатмӣ мебошад. Риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ бо мақсаде истифода мешавад, ки талаботи истеъмолкунанда пурра қонеъ шавад ва маҳсулоти ватанӣ талаф наёфта, бо сифати баланду ба солимии истеъмолкунандагон бехатар дастрас гардад.

 

Дар шаш моҳ 697 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳҳобзода иброз дошт, стандарти давлатӣ ба марказонидани таҷрибаи пешқадами саноатӣ ва дастовардҳои муосири илму техника равона шуда, онҳоро бо дурнамои рушди хоҷагии халқ алоқаманд менамояд. Бинобар ин стандарт ба меъёру талаботи зарурии ҷамъиятӣ нисбат ба сифати маҳсулот табдил меёбад.

«Дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ мебошад, давоми нимсолаи якуми  соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди содирот бо субъектҳои истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 697 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои байналмилалӣ гузаронида шуданд», — гуфт директори агентӣ.

26 шарти техникии истеҳсолкунандагони ватанӣ сабт шуд

Ба иттилои Темурҷон Абдулваҳҳобзода, дар соҳаи стандартонӣ дар ин давра 26 шарти техникии таҳиянамудаи истеҳсолкунандагони ватанӣ ба баррасӣ ва омӯзиш дар асоси  хулосаи  мутахассисон дар Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуд. Бо мақсади дастрасии субъектҳои хоҷагидор, хусусан субъектҳои истеҳсолӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ стандартҳои байнидавлатӣ (ГОСТ) дар асоси протоколи ҷаласаҳои Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия ҳамчун стандарти байнидавлатӣ қабул шуда, 128 адади он ба сифати стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид.

Ҳамзамон имсол бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон дар соҳаҳои гуногун ва фаро гирифтани онҳо ба омӯзиш лоиҳаи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои гузаронидани сертификатсияи салоҳиятнокии корманд. Баҳодиҳии мутобиқат» бо аббревиатураи СТ ҶТ 1125-2024 таҳия гардида, қабул шуд. Дар доираи талаботи ин ҳуҷҷат бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ омӯзиш ва корҳои сертификатсионӣ ба таври ихтиёрӣ бо кормандони  соҳаи соҳибкорӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло корҳо дар самти аз аккредитатсияи миллӣ гузаронидани фаъолияти ин бахш идома доранд.

Тоҷикстандарт узви 7 кумитаву ташкилоти байналхалқӣ оид ба стандартонӣ аст

Тибқи қонунҳои амалкунанда, «Тоҷикстандарт» намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ ва Иттиҳоди байниминтақавӣ оид ба стандартонӣ буда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи стандартҳои минтақавии таҳияшударо баррасӣ менамояд.

Инчунин Тоҷикстандарт ҳамчун мақоми миллӣ оид ба стандартонӣ, метрология, аккредитонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат дар ташкилоти байналхалқӣ (ИСО, СУС, Комиссияи кодекси алиментариус), минтақавӣ (EASC, RSO, COOMET, IAF ва дигарон) Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аъзои 7 кумитаи ташкилоти байналхалқӣ оид ба стандартонӣ мебошад.

Тавре Президенти Тоҷикистон дар ин маврид иброз намудаанд, «узвияти Тоҷикистон дар ин созмонҳои бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании содиротӣ, болоравии маърифатнокии соҳибкорон ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд