Интихоботи президенти Беларус 26 январи соли 2025 таъйин шудааст

Октябрь 24, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи президенти Беларус 26 январи соли 2025 таъйин шудааст. Ин тасмим рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус гирифта шуд. Дар ин хусус хабаргузории БЕЛТА иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре раиси Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ) Игор Карпенко иброз намуд, комиссия ба оғози маъракаи интихоботӣ оид ба интихоботи президенти ҷумҳурӣ омода аст. «Зимни гузаронидани маъракаи интихоботи президентӣ дар кори комиссияҳо тақрибан 60 ҳазор нафар иштирок мекунад», — шарҳ дод раиси Комиссияи марказии интихоботӣ.

Ба гуфтаи ӯ, 26 январи соли 2025 таъйин намудани интихоботи президентӣ дар Беларус ба Конститутсия ва Кодекси интихоботӣ комилан мувофиқ аст. «Баргузории интихобот дар ин сана имкон медиҳад, ки захираҳои техникӣ, молиявӣ, иттилоотӣ ва инсонӣ оқилона истифода шаванд ва раванди ташаккули тамоми мақомоти давлатии дар асоси қонунгузории конститутсионӣ таҷдидшуда ба анҷом расад», — иброз дошт Игор Карпенко.

Президенти Беларус ба муҳлати панҷ сол аз ҷониби мардум дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, озод, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 24, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад