ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ронандагон бо доштани чипи RFID аз кадом имтиёзҳо баҳраманд мегарданд?
ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Танзимгар оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи мошингарди Душанбе-Чанок-филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро бобати беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ тавсеа бахшида, барои пардохти ғайнинақдӣ шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ ва RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бе таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст)-ро бештар гардонидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ширкат хабар доданд.
Бо шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир пардохти ғайринақдӣ вусъат ёфта, мутаносибан ба 13 308 ва 46 821 нафар расидани теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ ва RFID далели ин гуфтаҳо аст.
Аз тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» як солу ду моҳ сипарӣ гардид. Тибқи фармон, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Дар ин замина, тибқи иттилои ширкат, то тасвиби ин фармон нишондиҳандаҳо дар ин роҳ чанд маротиба кам буд.
Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазаҳои толлингӣ нисбат ба пардохти нақдӣ, ройгон пешниҳод намудани RFID, кортҳои пардохтӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешаванд.
Дастрасӣ ба ин хизматрасонӣ дар муддати кӯтоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти шахси дигар бошад), пешниҳод намоянд.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд






