Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи дуюми раисони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ашқободи Туркманистон таҳти унвон «Шарикӣ ба хотири сулҳу шукуфоӣ ва эътимоди тарафайн» ҷаласаи дуюми раисони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба кор шуруъ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа раисони парлумонҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯзаро имконияти мусоид барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами шарикӣ ва таҳияи амалҳои дастҷамъӣ барои ҳалли онҳо мешуморад.
«Дар шароити афзоиши ноустуворӣ, инчунин афзоиши фишори таҳдидҳои амниятӣ масъалаҳои таҳкими сулҳу субот ва таъмини рушди минбаъда сазовори таваҷҷуҳи махсус мебошанд. Боварӣ дорам, ки идомаи муколамаи мо дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» минбаъд низ ба талошҳои муштарак барои муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ мусоидат менамояд. Мо бояд ин майдонро бо мақсади фароҳам овардани имконияти нав барои рушди ҳамкории минбаъдаи гуногунҷанба истифода барем»,-афзуд ӯ.
Изҳори умед карда шуд, ки қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшуда дар роҳи рушди минбаъда ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ байни кишварҳо қадами муҳим хоҳад буд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






