Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Акмолаи Қазоқистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Кокшетауи вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон намоишгоҳи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва ҳокими вилояти Акмола Марат Ахметжанов иштирок намуданд.
Дар намоиш 30 номгӯй молу маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 400 тонна, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, 100 тонна маҳсулоти саноатии консерва, обҳои нӯшокӣ, афшураи меваю сабзавот, хушкмеваҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба сокинони вилояти Акмола пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин дар доираи намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими вилояти Акмола Марат Ахметжанов ва намояндагони ҷамъияти тоҷикон- шаҳрвандони мамлакат, ки дар вилояти Акмола фаъолият мекунанд, мулоқотҳо баргузор намуд.
Зимни мулоқот бо ҳокими вилояти Акмола доираи васеи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аҳамияти калони ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармояи мустақим ва имконияти содиротии Тоҷикистон, ҳамкории зич бо минтақаҳои саноатӣ ва кишоварзии ҳарду ҷониб таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






