Масъалаи ворид шудани ширкатҳои содироткунандаи Тоҷикистон ба ширкати «WILDBERRIES» баррасӣ гардид

Октябрь 19, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндаи ширкати «WILDBERRIES» дар Тоҷикистон Айна Керимова вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ворид шудани ширкатҳои содироткунандаи Тоҷикистонро ба бозорҳои хориҷӣ дар доираи барномаи «WILDBERRIES» баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Директор оид ба рушди ҳамкории байналмилалии ин ширкат Рафаэл Абрамян ва Директори генералии WILDBERRIES дар Тоҷикистон Леван Кочой ба тариқи маҷозӣ пайваст шуда, нақшаҳо ва қадамҳои минбаъдаро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо  таҳияи Нақшаи амали WILDBERRIES дар Тоҷикистон барои 6 моҳи соли 2025, инчунин баргузории машварату ҳамоиш ва форумҳои тиҷоратиро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли равон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» (Wildberries- Russ) дар доираи кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 19, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард