МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми коркарди биҳӣ моддаҳои ғизоии он ҳифз карда мешаванд

Октябрь 25, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Меваи биҳӣ ягона мевае аст, ки ҳангоми коркард тақрибан ҳама моддаҳои ғизоии тару тозаи таркиби он ҳифз карда мешаванд. Дар таркиби он витаминҳо,  минералҳо, нахи парҳезӣ, антиоксидантҳо ва кислотаҳои органикӣ мавҷуд ҳастанд. Барг, мева, дона ва гули он хусусияти шифобахшӣ дорад. Чунин тавсия медиҳанд табибон.

Ин меваи табиӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дошта, бо холестерини барзиёд мубориза мебарад. Инчунин ҳолати қайкуниро бартараф месозад. Барои нафароне, ки бештар ба ҳолати асабоният (стресс) гирифтор мешаванд, давои беҳтарин мебошад. Биҳӣ хатари бемории дилро коҳиш медиҳад.

Мутахассисон барои пешгирии дарунравӣ чунин давои аз биҳӣ  омодашударо тавсия медиҳанд: 200 грамм меваи биҳиро кӯфта, ба як литр оби ҷӯш андохта, дар оташи паст бояд 20 дақиқа ҷӯшонид. Сипас то шифо ёфтан ҳар соат 100-миллиграммӣ бояд бинӯшед.

Истеъмоли биҳӣ дар ҳолати хомӣ хуб нест ва зараровар мебошад, зеро биҳии хом рагҳои баданро маҳкам мекунад. Мизоҷи биҳӣ гарм аст ва барои касоне, ки гарммизоҷ ҳастанд, хуб нест.

Дар тибби муосир ҷавҳар ва тухми биҳиро барои табобати бемориҳои камхунӣ, бод, хала, нуқси аъзои нафас, истисқо (обхӯра), исҳол, сурфа ва ғайра истифода мебаранд.

Хислатҳои шифобахшии биҳӣ бешумор мебошанд. Абӯалӣ ибни Сино биҳӣ ва шарбати аз меваи биҳӣ тайёркардаро ҳамчун доруи рафъи исҳол, рафъи иштиҳо ва пешоброн истифода мебурд. Шарбати биҳӣ нафастангӣ, балғами хунолуд ва дигар бемориҳоро шифо мебахшад. Маҳлули луобе, ки аз тухми биҳӣ гирифта мешавад, дар мубориза ба муқобили касалиҳои шуш ва роҳҳои нафас фоидаи хуб мебахшад.

Ба тавсияи Абӯалӣ ибни Сино, тухми биҳӣ барои хушкии даҳон муфид аст (махсусан ҳангоми суҳбати тӯлонӣ ё суханронӣ). Барои ин 30 дақиқа пеш аз сухан гуфтан 2-3 дона тухми биҳиро ба зери забон партоед. Дар тибби халқӣ барги биҳӣ, пӯсти навда ва навдаҳои ҷавони онро барои диабети қанд ва фишори хун истифода мебаранд. Он ба асабҳо ва баъзе навъҳои дарди сар таъсири муфид дорад.

Барг ва пӯстлохи навдаҳои наврустаи биҳӣ давои диабети қанд ва ғалаёни хун аст. Бо ин мақсад 1 – 2 қошуқ баргу пӯстлохи майдакардаро ба 1 истакон (200 мл) об андохта, дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Баъди хунук шудан онро полида, рӯзе 3 маротиба 1-қошуқчагӣ менӯшанд.

Гули тару тозаи ин мева аз ҷиҳати мизоҷ дар гармиву сардӣ муътадил мебошад ва андак қуввати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, дарди сар ва туғёни ҳарорати баданро таскин медиҳад, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад. Агар аз гули биҳӣ мураббо тайёр карда бихӯранд, узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қавӣ мегардонад; таппидани дилро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои зарарнокро ба майна манъ мекунад.
Дар саноати хӯрокворӣ аз биҳӣ мураббо, мармалод ва шарбатҳои гуногун таҳия менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 25, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт