МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Асал барои солимии дил манфиат дорад
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз дар шаб механизмҳои асосии бадани мо фаъол мешаванд ва истеъмоли як қошуқча асал пеш аз хоб ба сӯхтани чарбҳо ва суръатбахшии мубодилаи моддаҳо мусоидат мекунад. Инчунин асал ҳангоми истеъмоли шабона ба барқароршавии ҳуҷайраҳои ҷигар таъсир мерасонад ва иммунитетро мустаҳкам мекунад. Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ истеъмоли якҷояи асал ва сирпиёз фоидаи калон дорад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассиссони соҳаи тиб.
Асалро аз қадим чун доруворӣ барои бемориҳои зиёд истифода мебаранд. Табибон мефармоянд, ки хӯрдани асал баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва рагҳоро мекушояд. Он балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд, онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ менамояд.
Инчунин асал санги гурдаро майда намуда, мерезонад ва шамолхӯрӣ, дарди меъдаю рӯда ва камхуниро бартараф мегардонад. Ҳакими бузург Ҷолинус дар маълумотномаи тиббиаш чунин овардааст: «Дар нафъ ба бадан ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест ва он илоҷи аксар бемориҳову сириштани давоҳо аст».
Асалпарварон тавсия медиҳанд, ки асали тозаро бо чунин тарз метавон муайян намуд: асалро ба рӯи пораи қоғаз молида, бо оташ сӯзонед. Асали тоза дар оташ намесӯзад ва танҳо гудохта мегардад. Агар асал нимсӯхта гардад, пас занбӯрҳо онро аз шакар тайёр намудаанд, на аз гарди гул. Агар моеъ гардад, пас маълум мегардад, ки ба он об ҳамроҳ намудаанд.
Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз тирамоҳӣ аст. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кӯҳна шуда, рангаш ба сиёҳӣ печида бошад ва таъми талх пайдо намуда бошад, зарарнок аст. Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст; аз шаш моҳ то як сол мондаи он дар дараҷаи дувум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кӯҳна ва тундтаъм гашта бошад, мизоҷаш дар дараҷаи сеюм гарм ва дар дувум хушк аст.
Инчунин асал хусусияти ғизоӣ ва терапевтӣ дорад, ки ба саломатӣ чандин манфиат меоранд. Он аз антиоксидантҳо бой аст, ки бадан ва қалбро аз пиршавӣ муҳофизат мекунад, дорои хосияти зидди бактерияҳо, занбӯруғҳо ва вирусҳо мебошад, бо дарди гулӯ ва сулфа мубориза мебарад ва инчунин метавонад ҳамчун ширинкунандаи табиӣ низ истифода шавад.
Ба тавсияи табибон, он барои солимии дил манфиат дорад, зеро қодир аст ҷараёни хунро афзоиш дода, пайдоиши лахтаҳоро коҳиш диҳад. Ин раванд ба паст шудани фишори хун мусоидат ва ба ин васила бемориҳои дилро пешгирӣ мекунад.
Аммо, ҳатто бо вуҷуди ин ҳама фоидаҳо, асалро бояд ба меъёр истеъмол кард, зеро он аз калорияҳо ва шакар бой аст. Барои кӯдакони то 1-сола ва нафароне, ки бемории қанд ва ҳассосият доранд, истеъмоли ками он тавсия дода мешавад.
Асалро дар соҳаи косметология васеъ истифода мебаранд. Бо асалоб шустани рӯй манфиатбахш аст. Ин намуди косметикаи табиӣ пӯсти рӯйро нарму мулоим намуда, онро ҷило мебахшад. Барои рехтани мӯи сар ҳам аз малҳами асал бо дорчин васеъ истифода мебаранд.
АКС аз манбаъҳои боз








АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд






