МегаФон Тоҷикистон ба 4G диққати махсус медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. То охири соли равон МегаФон Тоҷикистон қариб 60 майдони нави пойгоҳҳои базавии стандарти 4G/LTE-ро ташкил менамояд. Интернети босуръати мобилӣ дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон боз ҳам дастрасттар хоҳад шуд.
Ба ҳиссаи Душанбе чун шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ бо теъдоди пайваста зиёдшавандаи муштариёни оператор то 40 фоизи тамоми майдонҳои нави пойгоҳҳои базавӣ рост меояд. МегаФон Тоҷикистон на танҳо зарфияти шабакаро васеъ менамояд, балки конфигуратсияи онро низ тағйир медиҳад. Биноҳои навбунёди пойтахт дар аксар ҳолатҳо монеи паҳншавии радиосигнал мешаванд, барои ҳамин пойгоҳҳои базавии иловагӣ барои барқароркунии дастрасии сокинони шаҳр ба хизматрасонии баландсифати рақамӣ хеле зарур мебошанд.
Қариб 15 майдони пойгоҳҳои базавии насли чорум дар навоҳии тобеи марказ пайдо мешаванд. Таҷҳизоти 4G имкон медиҳад, ки суръати интернети мобилӣ барои тамошои муносиби онлайн-видео ва фаъолияти нисбатан босуръати ҳама манбаъҳои дигари интернетӣ баланд карда шавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдонҳои пойгоҳҳои базавии насли чорум, бахусус дар Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бунёд карда мешаванд.
Дар вилояти Суғд то охири сол қариб 10 майдони пойгоҳҳои базавӣ фаъол мегардад. Дар баробари ин, шабакаи 4G дар Бӯстон, Зафаробод, Панҷакент ва Спитамен тақвият бахшида мешавад.
Шабакаи операторро дар вилояти Хатлон пойгоҳҳои базавие, ки дар ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун, Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Панҷ, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Ёвон насб карда шудаанд, пурра менамоянд. Ҳамагӣ дар минтақа 17 майдони пойгоҳҳои базавии 4G ба кор дароварда мешавад.
«Имсол мо инкишофи шабакаи 4G-ро ҳадафи кори худ қарор додем, зеро таҷҳизоти наслҳои қаблӣ аллакай ба талаботи муштариён ҷавобгӯ нестанд. Ниёзи асосии онҳо – интернети устувор ва босуръати мобилӣ мебошад. Маҳз чунин интернет дар натиҷаи бунёдкориҳои соли 2024 вориди шаҳру навоҳии Тоҷикистон мешавад»,- шарҳ дод директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






