Мероси эҷодии Махдумқулӣ халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро бо ҳам наздик мекунад
ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ба номи Махдумқулӣ Фироқии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бахшида ба 300-солагии шоир Махдумқулӣ Фироқӣ шаби эҷодӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш, ки таҳти унвони «Махдумқулӣ Фироқӣ ва дӯстии тоҷикону туркманҳо» доир шуд, шоирону адибон ва рӯзноманигорони туркману тоҷик иштирок намуданд. Иштирокдорони ҳамоиш бо хона-музей ва эҷодиёти ин мутафаккир ва шоир шинос шуданд.
Шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ дар баробари омӯзгорӣ ва идома додани касби чӯбкорӣ, ки аз ниёгонаш ба мерос гирифта буд, ҳунарҳои оҳангарӣ ва заргариро низ хуб медонист. Аз Махдумқулӣ то имрӯз мероси зиёди адабӣ боқӣ мондааст, ки дӯсторони илму адаб аз он баҳраманд мегарданд.
Иброз гардид, ки Махдумқулӣ Фироқӣ тавассути мероси нодири худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти мардумони Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Эҷодиёти ӯ ҳамчунин бо мероси бузурги адабии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
Махдумқулӣ Фироқӣ ҳанӯз дар синни наврасӣ бо адабиёти ғании тоҷикон, ки дар китобхонаи падари шоираш маҳфуз буданд, шиносоӣ пайдо кардааст.
Чуноне ки аз эҷодиёти шоир бармеояд, ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷик, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст.
1 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов дар маросими маҷозии ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сарони ду давлат моҳи майи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба сохтмони ин мактаб, ки барои 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда буд, оғоз бахшида буданд.
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо-асоси сулҳу тараққӣ», ки 11 октябри соли равон дар Туркманистон доир шуд, иброз доштанд, ки «эҷодиёти Махдумқулӣ саршори ғояҳои башардӯстӣ, ба монанди дӯстӣ, бародарӣ, хайрхоҳӣ, ғамхорӣ нисбат ба одамон ва хулқу атвори неки инсонӣ аст. Мероси ӯ, бешубҳа, пули пайвандгаре дар роҳи тавсеаи робитаҳои байнифарҳангӣ ва ба ҳам наздик гардидани давлатҳои мо ва мардумонамон мебошад».
АКС: АМИТ «Ховар»













Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






