Мероси эҷодии Махдумқулӣ халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро бо ҳам наздик мекунад

Октябрь 31, 2024 15:07

ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ба номи Махдумқулӣ  Фироқии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бахшида ба 300-солагии шоир Махдумқулӣ Фироқӣ шаби эҷодӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш, ки таҳти унвони «Махдумқулӣ Фироқӣ ва дӯстии тоҷикону туркманҳо» доир шуд, шоирону адибон ва рӯзноманигорони туркману тоҷик иштирок намуданд. Иштирокдорони ҳамоиш бо хона-музей ва эҷодиёти ин мутафаккир ва шоир шинос шуданд.

Шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ дар баробари омӯзгорӣ ва идома додани касби чӯбкорӣ, ки аз ниёгонаш ба мерос гирифта буд, ҳунарҳои оҳангарӣ ва заргариро низ хуб медонист. Аз Махдумқулӣ то имрӯз мероси зиёди адабӣ боқӣ мондааст, ки дӯсторони илму адаб аз он баҳраманд мегарданд.

Иброз гардид, ки Махдумқулӣ Фироқӣ тавассути мероси нодири худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти мардумони Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Эҷодиёти ӯ ҳамчунин бо мероси бузурги адабии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.

Махдумқулӣ Фироқӣ ҳанӯз дар синни наврасӣ бо адабиёти ғании тоҷикон, ки дар китобхонаи падари шоираш маҳфуз буданд, шиносоӣ пайдо кардааст.

Чуноне ки аз эҷодиёти шоир бармеояд, ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷик, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст.

1 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов дар маросими маҷозии ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарони ду давлат моҳи майи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба сохтмони ин мактаб, ки барои 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда буд, оғоз бахшида буданд.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо-асоси сулҳу тараққӣ», ки 11 октябри соли равон дар Туркманистон доир шуд, иброз доштанд, ки «эҷодиёти Махдумқулӣ саршори ғояҳои башардӯстӣ, ба монанди дӯстӣ, бародарӣ, хайрхоҳӣ, ғамхорӣ нисбат ба одамон ва хулқу атвори неки инсонӣ аст. Мероси ӯ, бешубҳа,  пули пайвандгаре дар роҳи тавсеаи робитаҳои байнифарҳангӣ ва ба ҳам наздик гардидани давлатҳои мо ва мардумонамон мебошад».

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 31, 2024 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд