«МИЛЛАТИ СОЛИМИ ТОҶИКИСТОН». Дар доираи ин лоиҳа даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 октябр то 21 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» даври омӯзишӣ оид ба «Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулода» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври омӯзишӣ барои 200 нафар мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафи ин омӯзиш огоҳ намудани мардум аз бемориҳои мавсимӣ, пешгирӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ин самт мебошад.
Дар аксар маврид шаҳрвандон ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком ба мутахассисон, хусусан табибони оилавӣ муроҷиат накарда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оқибатҳои ногувор, яъне оризаҳои вазнин оварда мерасонад.
Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки дар баробари пайдо гардидани аломатҳои бемории зуком ё дигар бемориҳо шаҳрвандон ҳатман ба табибони маҳали зисташон муроҷиат намоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






