«МИЛЛАТИ СОЛИМИ ТОҶИКИСТОН». Дар доираи ин лоиҳа даври омӯзишӣ гузаронида мешавад

Октябрь 15, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 октябр то 21 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» даври омӯзишӣ оид  ба «Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулода» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври омӯзишӣ барои 200 нафар мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ҳадафи ин омӯзиш огоҳ намудани мардум аз бемориҳои мавсимӣ, пешгирӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ин самт мебошад.

Дар аксар маврид шаҳрвандон ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком ба мутахассисон, хусусан табибони оилавӣ муроҷиат накарда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оқибатҳои ногувор, яъне оризаҳои вазнин оварда мерасонад.

Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки дар баробари пайдо гардидани аломатҳои бемории зуком ё дигар бемориҳо шаҳрвандон ҳатман ба табибони маҳали зисташон муроҷиат намоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 15, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст