Музокираи ҳайатҳои васеи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Талошҳои муштарак ва муколамаи дӯстонаи Роҳбарияти олии ду мамлакат ба таъмиқи муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими равобит байни мардумони ба ҳам бародар мусоидати муассир менамоянд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо густариши равобити байнипарламентиро ҳамчун унсури муҳими тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки бекор намудани раводид байни ду мамлакати дӯст ба муҳлати як моҳ омили неки таъмиқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва равобити дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Эрон дониста шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳарду ҷониб судовар баррасӣ шуд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки афзоиши минбаъдаи сармоягузории ҷониби Эрон дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кӯҳӣ, кимиё ва металлургия, гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, коркарди сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба манфиати кор ҳисобида шуд. Дар ин самт ба имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содироти минбаъдаи маҳсулот ба бозорҳои минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори он табодули андеша намуданд.
Дар ҷараёни музокирот доир ба масъалаҳои байналмилалӣ, оид ба раванди ташвишовари бесубот гардидани вазъи ҷаҳон, вазъияти ноором дар Ховари Миёна ва Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ мубодилаи афкор намуда, аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистон ва Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






