НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИËИ МАРКАЗӢ. Дар Бадахшон моҳии сурх парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз шуруъ аз соли 2023 моҳии сурх (як навъи гулмоҳӣ) парвариш меёбад, ки соли 2025 ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки 15 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвозро тамошо намуданд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат моҳии сурх муаррифӣ шуд, ки дар оянда дар ноҳияи Дарвоз ва дигар минтақаҳои мувофиқ парвариш карда мешавад.
Парвариши моҳии сурх дар Осиëи Марказӣ ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст ва ин нақша бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи нав амалӣ мешавад.
Моҳии сурх асосан дар баҳр сукунат мекунад. Мутахассисон бо пайдо намудани роҳҳои нав парвариш ëфтани онро дар Тоҷикистон имконпазир донистаанд.
Ба гуфти масъулини вилоят, моҳии сурх як навъи гулмоҳӣ мебошад. Минтақаи Бадахшон ба парвариши гулмоҳӣ хеле созгор аст. Ин навъи моҳӣ аз ҷиҳати таъм аз дигар моҳиҳо фарқ мекунад. Дар таркиби моҳии сурх кислотаҳои равғании омега-3, фосфор, калий, йод, оҳан ва витаминҳои гурӯҳҳои A, D, E авҷуд мебошанд.
Бадахшон дорои кӯлҳои зиёде мебошад, ки метавон дар онҳо моҳипарвариро ривоҷу равнақ бахшид. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гидрологӣ, дар Бадахшон зиёда аз 1500 ҳавзу обанбори гуногуни табиӣ вуҷуд дошта, дар баъзе обанборҳо захираи кофии моҳӣ мавҷуд аст. Калонтарин ҳавзҳои дорои захираҳои моҳии молӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обанборҳои Булункӯл, Яшилкӯл, Зоркӯл, Чаканкӯл ва силсилакӯлҳои Друмқӯлу Трумтайқӯл мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






