Намояндагони бахши иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор марҳилаи аввали татбиқи барномаи воситаҳои ҳамоҳангсозии сиёсатро баррасӣ намуданд

Октябрь 7, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2024/АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи аввали татбиқи барномаи воситаҳои ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument — PCI) дар мулоқоти роҳбарият ва намояндагони бахши иқтисодии мамлакат, таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), таҳти роҳбарии Мэтю Гартнер-роҳбари ҳайати ХБА дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоким Холиқзода барои ҳамкорӣ дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор миннатдорӣ баён намуд.

Таъкид шуд, ки оид ба иҷрои ҳадафҳои миқдорӣ дар доираи барномаи PCI бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамдигарфаҳмӣ ба даст оварда шудаст, ки нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳадафҳои ислоҳоти барои баррасӣ гузошташуда гувоҳи он мебошанд. Аз ҷумла, сарфи назар аз сатҳи баланди номуайянии сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон, дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар давоми соли 2024 мусоид боқӣ мемонанд. Сиёсати пулию қарзӣ самаранокии худро дар нигоҳдории таваррум дар сатҳи поёнтар аз доираи мақсадноки Бонки миллии Тоҷикистон нишон дода, касри буҷет дар сатҳи пасттар аз нишондиҳандаи мақсадноки барнома нигоҳ дошта мешавад. Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкиму устувории иқтисодиёт дар доираи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гартнер тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки дар доираи татбиқи барнома, ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор бо тамоми вазорату идораҳои шомили барнома вохӯриҳо гузаронида, шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида дар давраҳои минбаъдаи музокирот ба инобат гирифта мешаванд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба муколамаи созанда доир ба ҳама гуна масъалаҳои татбиқи барнома омода буда, тавсияҳо ва андешаи коршиносони ХБА-ро дар ин раванд муҳим арзёбӣ менамояд.

«Мо итминон дорем, ки татбиқи барнома ба ҳавасмандгардонии маблағгузории иловагии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва фарогир кумак хоҳад кард», -изҳор дошт муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст