Оид ба нақши Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон конференсия доир шуд

Октябрь 21, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 21.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки «Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда мешаванд. Он соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим намуда, барои рушди устувор ва босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи кофӣ фароҳам меорад».

Бо таваҷчуҳ ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯз метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накӯсиришт- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.

Зимни конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуъҳои «Конститутсия ва нақши он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Ҳизби роҳнамо-кафили саодат ва зиндагии шоистаи мардум» ва «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби ормонҳои миллӣ ва таҳкимбахши зиндагии шоиста» маърузаҳои илмӣ шунида шуданд.

Пас аз анҷоми конференсия ба як зумра меҳмонон Сипоснома ва ба 11 нафар ҷавонону омӯзгорон, ки нав ба сафи ҳизб дохил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Октябрь 21, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд