Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ҷаласаи сеюми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» (дар таҳрири нав), ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ шудааст, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ҳадафи таҳияи лоиҳаи ин қонун пурра ба танзим даровардани муносибатҳои муосир дар соҳаи энергетика, махсусан низоми биллингӣ дар шабакаҳои барқии мамлакат мебошад. Дар ин замина таҳияи санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки қисмати техникии соҳаро низ ба танзим медароранд, дар назар аст.
Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» (дар таҳрири нав) бо мақсади пурра ба танзим даровардани бозори энергетикии мамлакат бо назардошти таъсис ёфтани ширкатҳои энергетикӣ дар самти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ таҳия карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сеюми корӣ се рӯз идома меёбад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






