Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ишкошим мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити бинои навбунёд шинос шуда, ба масъулин барои фаъолияти босамар, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафу нақшаҳои созандаи ҳизб, ки ба ободониву шукуфоии бештари Тоҷикистон равона гардидаанд, дастуру маслиҳатҳо доданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар маркази ноҳияи Ишкошим бунёд гардида, аз ду ошёна ва 4 ҳуҷраи барҳавои корӣ иборат мебошад.
Барои гузаронидани маҷлису вохӯриҳои хурд дар иншоот толори алоҳида мавҷуд аст. Инчунин иншоот дорои китобхонаи замонавӣ бо махзани ғании китоб ва ҳуҷраи алоҳидаи бойгонӣ мебошад.
Иншоот бо маблағгузории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Намои берунаи иншоот низ бо сабку усули муосири меъморӣ оро ёфта, ободониву сабзкорӣ дар гирду атрофи бинои нав бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Иброз гардид, ки кумита бо ҳамаи созмонҳои ибтидоии худ, ки теъдодашон дар ноҳия ба 61 адад мерасад, имконияти фароҳамовардашударо барои тарғиби бештари барномаву нақшаҳои созандаи ҳизб ва талқини ғояҳои ватандорӣ ҳамаҷонибаву самаранок истифода хоҳанд бурд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд ва таъкид доштанд, ки ҳар корманд ва аъзои ҳизб вазифадоранд, ки дар рушду ободонии кишвар ва татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи ҳизб ҳиссагузор бошанд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






