Президенти Тоҷикистон: «Ниёгонамон ҷашни Меҳргонро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд»
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд. Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзиву боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонт дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон.
«Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз, бузургтарин ҷашне аст, ки омилу заминаҳои муҳими табиӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то замони мо расонидаанд. Меҳргон мисли Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад»,-хотирнишон намуданд Пешвои миллат.
Ба андешаи Сарвари давлат, ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо дар фаслҳои гуногуни сол таҷлил гардида, хусусияти табиии он фаслҳоро ифода менамоянд. Деҳқонони асил дар фасли зебои тирамоҳ ҳосили бо заҳмат рӯёнидаро ҷамъоварӣ ва барои фасли зимистон захира мекунанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки кишоварзони мамлакатро зарур аст якҷо бо олимону мутахассисони соҳа бо роҳи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд намудани майдони боғҳо, истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таъмин кардани рушди тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, дар муҳлатҳои муайяншуда гузаронидани кишти тирамоҳӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду – се ҳосил амнияти озуқавории мамлакатро тақвият бахшанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид






