Президенти Тоҷикистон вобаста ба таъмир ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар Бадахшон дастур доданд

Октябрь 14, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз иҷрои пасти Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 дар вилоят, ки 17 фоиз иҷро шудааст, изҳори нигаронӣ намуданд.

«Дар вилоят 35 муассиса таъмирталаб буда, 70 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва эҳтиёҷот ба мизу курсӣ низ ба назар мерасад», -изҳори ташвиш намуданд Сарвари давлат.

Сарвари давлат вобаста ба ин ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур доданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои соҳаи маорифи вилоят тадбирҳои зарурӣ андешанд, инчунин сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифро зери назорати доимӣ қарор дода, барои сари вақт ва бо сифати баланд супоридани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 14, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад