Раҳмон Озода Эмомалӣ бо Вазири (Роҳбари) Девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуд

Октябрь 30, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кувайт Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ бо Вазири (Роҳбари) Девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи барои ҳарду кишвар судманд, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва сайёҳӣ, баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба тамосҳои сатҳи олию  баланди минбаъдаи ду кишвари дӯст ва баргузорсозии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо  терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ — Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» зоҳир гардид.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Октябрь 30, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд