Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар саҳни бинои нави Парлумони Тоҷикистон дарахт шинонданд

Октябрь 3, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 03.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маъракаи дарахтшинонӣ дар саҳни бинои Парлумони мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дарахтони нодири сояафкану ороишӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи кишвар оварда шудаанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати  ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имсол шинонидани 500 ҳазор ниҳолу дарахтон дар пойтахт дар назар дошта шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки чунин навъҳои дарахтон ба нигоҳубини бештар ниёз доранд. Аз ин рӯ мутахассисон барои хуб нашъу намо ёфтани онҳо бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Октябрь 3, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд