Роҳбарони мақомоти авиатсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қатар тавсеаи ҳамкориро дар соҳаи авиатсия баррасӣ намуданд

Октябрь 16, 2024 16:35

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябри  соли 2024 дар шаҳри Самарқанд вохӯрии роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва инчунин Давлати Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо,  зиёд намудани шумораи хатсайрҳо ва  ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қатар баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин байни  Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Назарзода ва  Директори Маъмурияти авиатсионии Давлати Қатар оид ба тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла масъалаи  ба роҳ   мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ моҳи ноябр-декабри соли 2024 байни Душанбе- Давҳа-Душанбе  вохӯрӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки соли  2017 Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расида буд. Баъди ба имзо расидани ин созишнома 22 апрели соли 2019 Протоколи вохӯрӣ ба имзо расида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр»  ва  ҶСК «Тоҷик Эйр», аз ҷониби Давлати Қатар  Ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» ҳамчун интиқолдиҳандагони мусофирон, бор, бағоҷ ва почта таъйин гардиданд.

Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ширкатҳои авиатсионӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо нақши муассир мегузорад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 16, 2024 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард