Роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 4,8 миллион тонна бор ва 336,6 ҳазор мусофирро интиқол додааст

Октябрь 18, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи оҳани Тоҷикистон аз интиқоли беш аз 4,8 миллион тонна бор ва 336,6 ҳазор мусофир дар нуҳ моҳи соли равон иттилоъ медиҳад. Таҳлили ҷараёни ҳамлу нақл бозгӯи он аст, ки 90,3 фоизи интиқол ба воридот, 5,4 фоиз ба содирот ва 4,3 фоиз ба борҳои маҳаллӣ рост меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳамлу нақли байналмилалӣ асосан тавассути нақлиёти роҳи оҳан амалӣ карда мешавад, ки 69,3 фоизи ҳамлу нақли байналмилалии бор ба ин намуди нақлиёт рост меояд.

Ҳамзамон барои дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80 фоиз тахфифҳо пешниҳод намудааст.

Ҳамчунин бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, барои интиқоли бор аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо имтиёзҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Аз ҷумла, ба қатораи мусофирбари «Душанбе – Кӯлоб» 60 фоиз тахфиф пешниҳод шуда, тибқи мувофиқа бо Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба мусофироне, ки чиптаҳоро пешакӣ (аз 31 то 45 рӯз – 45%, аз 2 то 30 рӯз – 30%) харидорӣ мекунанд, то 45 фоиз тахфиф пешниҳод мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 18, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард