Робитаҳои бародаршаҳрии Хуҷанд ва Табрез баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо шаҳрдори Табрез Яъқуби Ҳушёр мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин сафорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Хуҷанд (Тоҷикистон) ва Табрезро (Эрон) мавриди баррасӣ қарор дода, шахсияти шоир ва орифи бузург Камоли Хуҷандиро, ки оромгоҳаш дар Табрез қарор дорад, ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ номиданд.
Ҷонибҳо барои такон бахшидан ба робитаҳои бародаршаҳрӣ танзими рӯзҳои фарҳангу ҳунар дар Хуҷанд ва Табрез, мубодилаи ҳайатҳои намояндагони илму адаб, ташкили намоишгоҳҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва барномаҳои дигарро зарур шумориданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид






