Рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8,0 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давра ба давра афзоиш ёфта, нисбат ба 9 моҳи соли 2024 8,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати 1 октябри соли 2024, 137 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолият менамоянд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар 9 моҳи соли равон 191,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 27,6 фоиз ё ин ки 41,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра дар вилоят 42 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 230 ҷойи кор, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ 10 адад, ноҳияи Дарвоз- 1 адад, ноҳияи Мурғоб- 2 адад, ноҳияи Ишкошим- 3 адад, ноҳияи Рӯшон- 8 адад, Ванҷ- 4 адад, Роштқалъа- 5 адад ва дар ноҳияи Шуғнон 9 адад мавриди истифода қарор дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






