Сарвари давлат: «Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари сокинони Бадахшон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»

Октябрь 14, 2024 16:11

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мутобиқ гардонидани шумораи ҳарчи бештари сокинони вилоят мунтазам тадбир  андешанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «тайёр кардани кадрҳо ва тавассути бозомӯзиву такмили ихтисос баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо,  аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки ба ҳалли он бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад. Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани музди меҳнат ва пардохти саривақтии маошу нафақа дар мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад».

«Дар вилоят музди миёнаи меҳнати як корманд, ки соли 2000 ҳамагӣ 12 сомониро ташкил медод, соли 2023 ба 1848 сомонӣ расида, беш аз 150 баробар зиёд гардид. Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сокинони вилоят давоми понздаҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Ишкошим марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шуданд. Тавассути ин марказхо ҳазорон нафар соҳиби ихтисоси корӣ гардидаанд»,-ёдрас шуданд Преденти мамлакат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 14, 2024 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд