Сарвари давлат: «Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари сокинони Бадахшон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мутобиқ гардонидани шумораи ҳарчи бештари сокинони вилоят мунтазам тадбир андешанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «тайёр кардани кадрҳо ва тавассути бозомӯзиву такмили ихтисос баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки ба ҳалли он бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад. Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани музди меҳнат ва пардохти саривақтии маошу нафақа дар мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад».
«Дар вилоят музди миёнаи меҳнати як корманд, ки соли 2000 ҳамагӣ 12 сомониро ташкил медод, соли 2023 ба 1848 сомонӣ расида, беш аз 150 баробар зиёд гардид. Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сокинони вилоят давоми понздаҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Ишкошим марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шуданд. Тавассути ин марказхо ҳазорон нафар соҳиби ихтисоси корӣ гардидаанд»,-ёдрас шуданд Преденти мамлакат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд






