Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» ба Рӯзи кинои тоҷик ва 95-солагии коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар доираи ин синамоҷоиза имрӯз дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардиданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз гардид, ки робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии ҳарду давлат барои тавлиди муштараки филмҳо имконият зиёдеро фароҳам овардааст. Баҳри рушди филмҳои муштарак филмноманависон, коргардонҳоро ва масъулини соҳаро зарур аст саҳми назаррас гузоранд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён иброз дошт, ки Тоҷикистон ба унвони як мамлакати дӯсту бародари ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамнажод дар сиёсати хориҷии Эрон мавқеи хоса дорад. Робитаҳои ду давлат дар ҳама бахшҳо хусусан дар самти театр ва кино, мусиқӣ ва коргардонии кино дарсатҳи хеле хуб қарор дорад.
Дӯстдорони синамои Эрон ин шом филми «Ҳук»-ро тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни Синамоҷоиза аз маконҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли «Осорхонаи миллӣ», «Кохи Наврӯз», дараҳои Ромиту Варзоб ва шаҳрҳои Норак ва Ҳисор дидан намоянд.
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд






