СОХТМОНИ МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин масъала баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Доир ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе машварат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар машварат Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик доир ба хусусияти сохмони метро ва аҳамияти он барои мегаполисҳо ибрози назар намуданд.
Таъмини сокинони пойтахт бо намудҳои муосири нақлиёти ҷамъиятии аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз масъалаҳои муҳиме аст, ки зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Масъалаи баррасии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе борҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардида, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрдорию шаҳрсозӣ таъкид гардидааст. Ҳамчунин ин иқдом дар Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба таври мушаххас пешбинӣ шудааст.
Зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он вобаста аст. Аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли охир зиёда аз ду маротиба ва шумораи сокинони шаҳри Душанбе зиёда аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Таъкид шуд, ки сохтмони метро дар Душанбе талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва танбашавӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти танбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар пойтахт ба мақсад мувофиқ мебошад.
14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Он ба бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Тибқи ин санад 3 маротиба машварати омӯзишии ҳузурӣ ва як сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Корея бо иштироки мутахассисони ҳарду давлат баргузор гардида, қариб 10 маротиба вохӯрии Гурӯҳи кории доимии ҳарду давлат тариқи фосилавӣ доир карда шуд.
Дар ин давра харитаи хатсайри эҳтимолии ин лоиҳа, вазъи танбашавӣ дар роҳҳои шаҳр, динамикаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва рушди аҳолии шаҳр, афзоиши ҳудуди ҷуғрофии пойтахт ва вазъи иқтисодию иҷтимоии он аз тарафи мутахассисони ҳарду давлат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт.
Марҳилаи омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ-метро дар Душанбе бо маблағгузории Бонки содирот ва воридоти Корея «Эксимбонк» амалӣ шуда, натиҷаи он 22 майи соли 2024 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат рӯнамоӣ гардид.
Тибқи гуфтушунидҳо бо ҷониби Корея, лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» гузаронида мешавад. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея доир мешаванд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
«НАҚЛИЁТИ «ҲУШМАНД»». Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи рушди ин намуди нақлиёт баргузор гардид






