СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд
ДУШАНБЕ, 17.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд дар 9 моҳи соли равон 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ сабти ном шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилоят соли равон бунёди 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст. Дар 9 моҳи соли 2024 133 корхонаву коргоҳи нав бо 1939 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 корхонаю коргоҳи дӯзандагӣ бо 996 ҷойи нави кор ва 2 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 66 ҷойи кор таъсис дода шуд.
Шумораи корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба 5 адад расида, дар шаҳрҳои Хуҷанд 2 корхона, Гулистон 2 корхона ва Бӯстон 1 корхона ба истеҳсоли доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи антисептикӣ машғул ҳастанд. Дар корхонаҳо дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 1544,4 ҳазор сомонӣ 1971,9 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ истеҳсол карда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






