«СОЗАНДАГОНИ ФАРДО». Дар Душанбе бо мақсади дарёфти ҷавонони эҷодкор, ихтироъкор ва навовар озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти ҷавонони эҷодкору ихтироъкор ва навовар дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Созандагони фардо» озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор мегардад. Муҳлати охирини номнавис шудан ба озмун то 1 декабри соли 2024 муқаррар шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он ҷавонони аз 14 то 30-сола, ки истеъдоди ихтироъкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳадафи асосии озмун- баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир, дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ояндаи наздик барои ҷавонони лаёқатманди ихтироъкор ва навовар Маркази ихтироъкорони ҷавон ба истифода дода мешавад.
Чунин дастур зимни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз ҷониби Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дода шуд.
Ҳадаф аз ташкили марказ муттаҳид намудани ҷавонони болаёқат ва дастгирии онҳо барои ихтироъкорӣ дар самтҳои гуногун мебошад.
Бояд гуфт, ки ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) амалӣ мешавад.
Дар доираи эълони ин солҳо ҳамзамон дар пойтахт давоми чанд соли охир озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Яке аз онҳо Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» мебошад. Иштирокчиёни озмун дар ду шарт (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи номинатсияҳои барномасозӣ, меъморӣ, моделсозӣ, радиоэлектроника, робототехника, сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва табиатшиносӣ маҳорат меозмоянд.
Инчунин дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф гузаронида шуда, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






