ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ИЛМӢ. Ҳайати Донишгоҳи давлатии Бохтар бо имконоти Донишгоҳи давлатии Бухоро шинос шуд

Октябрь 1, 2024 20:18

ДУШАНБЕ, 01.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 30 сентябр дар доираи сафар дар Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодул ва истифодаи таҷрибаҳои муштарак ба Донишгоҳи давлатии Бухоро рафт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иттилоъ доданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Бухоро ба устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба роҳу усулҳои муосири таълим, нашри китобу дастур ва барномаҳои таълимӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, чопу интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин дигар самтҳои раванди таълим ва илму таҳқиқот маълумот дода шуд.

Устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар бо имконияту фаъолияти марказҳои забономӯзӣ, осорхонаи донишгоҳ, паркҳои технологӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ шинос шуданд.

Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пешрафти кишварҳо, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз робитаҳои гуногунсамти ҳамдигар вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, сафарҳои корӣ дар доираи ҳамкории дуҷониба натиҷаҳои хуб медиҳанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Октябрь 1, 2024 20:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид