ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2024 аст
15 октябри соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаи коркарди тилло ва мулоқот бо сокинон ба маҳаллаи Шуғноби ноҳияи Ховалинг сафар намуданд.
***
10 сол қабл, 15 октябри соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
***
15 октябри соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ- сармоягузории «Соҳибкорӣ иқтисодиётро таҳрик медиҳад» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон сафар намуданд.
***
15 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд.
***
4 сол пеш, 15 октябри соли 2020 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли шоколади «Ҳаловат», ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.
***
15 октябри соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
15 октябри соли 2022 дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
15 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии занони деҳот.
***
Рӯзи байналмилалии дастшӯӣ.
***
Дар Бразилия – Рӯзи муаллим.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Раҳмат Назрӣ-соли 1951 — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979), Шоири халқии Тоҷикистон (2003), Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000)