ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, ҷумъа, 292-юмин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 18, 2024 08:00

18 октябри соли 2011 Тоҷикистон, Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.

***

10 сол пеш, 18 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи 90-солагии таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

18 октябри соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро мавриди истифода қарор доданд.

***

18 октябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Русия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.

***

18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму эктремизм доир шуд.

***

18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистон ва Эрон ва дар ин зимн ҳамкории ду давлат дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

18 ОКТЯБР:

Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Озарбойҷон.

***

Дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико — рӯзи Аляска.

 

Октябрь 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, панҷшанбе, 291-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, душанбе, 288-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, якшанбе, 287-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, панҷшанбе, 284-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, чоршанбе, 283-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст